Насби ҳисобкунакҳои об пардохти ҳаққи масрафи оби ошомиданро осон кардааст

Насби ҳисобкунакҳои об пардохти ҳаққи масрафи оби ошомиданро осон кардааст

Сокинони ноҳияи Рудакӣ-бузургтарин ноҳияи Тоҷикистон-ҳарчанд пурра аз бумбасти об набаромадаанд, аммо хушҳоланд, ки сифати хизматрасонии марбут ба таъмини об ва кайфияти оби ошомиданӣ дар қиёс бо солҳои пеш ба таври назаррас хубтар шудааст.

“Имрӯз ман хушҳолам, ки дар хонаам об дорам. Заҳмати кашидани об аз хонаи ҳамсоягоне, ки дар дигар биноҳои истиқоматӣ зиндагӣ мекунанд, дигар рафъ шудааст”,- мегӯяд Гулхинзо Фармонбекова, сокини ноҳияи Рудакӣ.

Гулхинзои 71 сола ҳоло нафақахӯр аст ва ҳамроҳи шавҳару писараш ва наберагонаш дар бинои истиқоматии баландошёна дар кӯчаи Гагарини шаҳраки Сомониёни Рудакӣ истиқомат мекунанд.

Шаҳраки Сомониён, маркази маъмурии ноҳияи Рудакӣ аз 32 махалла иборат аст ва беш аз 23 ҳазор аҳолӣ дорад. Корхонаи воҳиди давлатии обу корези Рудакӣ ягона таъминкунандаи сокинон бо оби ошомиданӣ мебошад. Ин корхона шабонарӯзӣ 4700-5000 метри мукааб об коркард мекунад ва ҳоло ҳамагӣ 5100 муштарӣ дорад.

Тавре Асомиддин Фазлиддин—сардори Шӯъбаи муштариёни Корхонаи давлатии фаръии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и ноҳия, ки ҳамзамон узви фаъоли Шӯрои машваратии ҷамъиятӣ мебошад, ёдовар шуд: “ То соли 2015 вазъи таъмини сокинон бо оби ошомиданӣ мураккаб буд. Ба бисёр маҳаллаҳои вобастаи шаҳрак об намебаромад, чунки мардум обро самаранок истифода намебурданд. Обҳоро маҳкам намекарданд. Ҳисобкунак ҳам надоштанд. Аммо вазъ баъд аз он, ки соли 2015 Шӯрои машваратии ҷамъиятӣ ташкил ва ба он раиси ҳар як маҳалла ҷалб карда шуд, ранги дигар гирифт ва ҳоло 70 дарсади аҳолӣ бо оби ошомиданӣ таъминанд”.

Шӯрои машваратии ҷамъиятӣ дар назди Корхонаи фаръии обу корези Рудакӣ амал мекунад. Ин ташаббус таҳти лоиҳаи “Беҳгардонии ҳисоботдиҳии ҷамъиятӣ дар самти таъмини оби нӯшокӣ дар Тоҷикистон” тибқи лоиҳаи Ҳамкории глобалӣ оид ба ҳисоботдиҳии глобалӣ (GPSA) тавассути Бонки Ҷаҳонӣ маблағгузорӣ шуда, дар ҳамкорӣ бо ОКСФАМ ва Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон амалӣ шудааст. Лоиҳаи мазкур ба ғайр аз ноҳияи Рӯдакӣ, инчунин як зумра ноҳияҳои вилояти Хатлон, шомили Восеъ, Мӯъминобод, Фархор ва шаҳри Кӯлобро низ фаро мегирад. Мақсад аз таъсиси Шӯро ҷалби мизоҷон, намояндагони ҷомеаи маҳаллӣ ҷиҳати гузоштани саҳми фаъол дар кору пайкори корхонаи таъминкунандаи об ва тавзеҳи ҳуқуқу манфиатҳои истеъмолкунандагон мебошад.

Юлдошев Насриддин, сокини ҳамин шаҳрак, ки ҳамзамон сафарбаркунандаи Шӯрои машваратии ҷамъиятӣ мебошад, мегӯяд, Шӯро аз 12 нафар, аз чумла панҷ зан иборат ёфтааст. “Ба хотири он, ки ба арзу шикоятҳои мардум тезтар расидагӣ карда шавад, аъзои Шӯроро аз ҳисоби якчанд коргари фаъоли Корхонаи обу корез, вакилони шаҳрак ва раисони маҳаллаҳо интихоб намудем. Ҳар як моҳ маҷлис мегузаронем ва мушкили сокинон вобаста ба обро матраҳ месозем”,-зикр кард Юлдошев ва ба самаранокии кори Шӯро таъкид карда, афзуд:бо таъсиси Шӯро сифати хизматрасониҳои пешкашшаванда зиёд, вале теъдоди арзу шикоятҳои истеъмолкунандагон дар шаҳрак ду баробар коҳиш ёфтааст”.

Бинобар гуфтаҳои Юлдошев пештар агар дар ягон ҷо қубурҳо мекафиданд, ҳафтаҳо ҳеҷ кас аз пайяш намешуд, аммо ҳоло, ки аҳолӣ аз мавҷудияти Шӯро хабар доранд, масъулияти иҷтимоӣ нишон дода, сари вақт муроҷиат мекунанд ва ин мушкил дастаҷамъона ба зудӣ рафъ мешавад.

“Соли 2015 мо 8 соат об медодем. Ҳоло тибқи шартномаи тасдиқшуда дар шаҳрак 14 соат ба муштариён об дода мешавад”, -қайд кард корманди Корхонаи обу корези Рудакӣ Асомиддин Фазлиддин ва илова намуд, ки ду соли ахир бо одамоне, ки аз супурдани хаққи масрафи об саркашӣ мекарданд, корҳои тавзеҳотӣ гузаронда, ба онҳо тарзи дурусти истифодаи об фаҳмонда шуд.

“Агар дар як моҳ аҳолӣ обро самаранок истифода баранд 10 куб истеъмол мекунад. Ин албатта барои ҳарду ҷониб хуб аст, чунки ҳам мардум буҷеташро сарфа мекунад ва ҳам талафоти оби мо низ кам мешавад”,-мегӯяд Фазлиддин. Ӯ чанд соли пешро қиёс карда ёдовар шуд, ки қаблан сокинони маҳаллаҳои поён обҳояшонро маҳкам намекарданд ва оқибат сокинони болонишин беоб мемонданд. Аммо вақте  ҳисобкунак часпонда шуд мардум обро дигар самаранок истифода бурдан гирифтанд.

Ба гуфтаи ин масъули корхонаи обтаъминкунӣ даромади Корхонаи обу корез ҳоло хубтар шудааст, зеро давоми ин ду сол 700 муштарие, ки об надоштанд, бо оби ошомиданӣ таъмин гардиданд. “Дар аввал ҳаққи масрафи обро сари ҳар як аъзои хонавода ҳисоб мекардем ва як оила моҳона аз 25 то 40 сомонӣ пардохт мекард. Бар илова чамъоварии маблағи истифодаи об низ душвортар буд. Корхона камомад медид. Ҳоло ки мардум обро ба андозаи 10 сомонӣ каму зиёд истифода мебаранд ва аз ҳуқуқу ӯҳдадориҳои худ ба унвони истеъмолкунанда огаҳ ҳастанд, чамъоварии маблағ осонтар шудааст”-хулоса кард сардори Шӯъбаи муштариёни Корхонаи давлатии фаръии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и ноҳияи Рудакӣ.

Гулхинзо, ки расиди обро варақгардон мекард, тасдиқ намуд, ки пештар барои об маблағи бештар медод, аммо ба гоҳи насби ҳисобкунак ҳоло ҳаққи масрафи обро ду баробар сабуктар месупорад. Ӯ мегӯяд, қариб се сол шудааст, ки ҳисобкунаки об насб кардааст ва аз пардохти ҳақки об ҳеҷ гоҳ саркашӣ намекунад, чунки ҳисобу китоб холисона сурат мегирад ва дарк мекунад, ки бо ин роҳ ӯ барои таъмини дигар сокинон бо об аз ҷониби ширкати таъминкунанда мусоидат мекунад.

Гулхинзо мегӯяд, ки ду маротиба дар маҷлисҳо ва семинарҳои Шӯрои машваратии маҳаллӣ ширкат кардааст ва дониши гирифтаи худро ба ҳамсояҳо низ фаҳмондааст. “Имрӯз мардум огаҳ аст, ки обро бояд босамар истифода бурд. Ман аз маҷлисҳо рост на кӣ ба хона балки ба назди ҳамсояҳо рафта фаҳмондам, ки обро беҳуда сарф накунанд. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои худ ҳамчун истеъмолкунандаро донанд ва аз таъминкунандагони об сифати кор, нархномаҳо, ҷадвали пахши обро талаб намоянд”-қайд кард Гулхинзо.

Аммо бо далели он, ки шаҳрак калон аст ва ҷамъоварии мардум кори саҳл нест бисёре аз сокинони шаҳрак аз таъсиси Шӯро ва ҳуқуқҳои худ ҳамчун истеъмолкунанда огоҳ нестанд ва дар ҳалли мушкили худ вобаста ба таъмини об намедонанд ба кӣ муроҷиат кунанд. Масалан, дар маҳаллаи панҷуми ин шаҳрак сокинони чанде аз биноҳои баландошёна аз дастрасӣ ба оби ошомиданӣ маҳруманд. Қубурҳои пайваст ба низоми ягонаи обтаъминкунии Корхонаи обу корези ноҳия кайҳо фарсуда ва корношоям шудаанд. Ҳар кадоме аз берун тавассути дастгоҳи барқии обкаш (насос) зарфҳои ғунҷоишашон гуногунро дар бомҳои хонаҳояшон пур карда аз он об мегиранд. Аммо ҳоло кӣ зимистон ҳукмфармоӣ дорад қубурҳои маҳини пластмасӣ ях бастаанд ва сокинон маҷбуранд, ки дар ҳавои сард аз берун об кашанд.

Масъулини Корхонаи обу корези шаҳрак ин мушкили мардумро эътироф карда мегӯянд, пайи бартарафи ин масъала ҳастанд. Дар шаҳрак холо як лоиҳаи Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд амал карда кашондани қубурҳои навро маблағгузорӣ мекунад. Дар сурати бобарор анҷом ёфтани лоиҳа ва фаъолияти насосҳои нави пуриқтидор мушкили таъмини шаҳрнишинон бо оби нӯшокӣ ҳалли худро пайдо мекунад.

©Команда проекта “TWISA”

 

 

Инро паҳн кунед:
Share

Муаллиф

Онлайн- Консультант administrator