Дар бораи мо

МАЪЛУМОТИ МУХТАСАР

ДАР БОРАИ ИТТИФОҚИ

ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН

ИТТИФОҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН – ташкилоти ҷамъиятӣ, ғайридавлатӣ, ғайритиҷоратӣ буда, моҳи июли соли 2002 таъсис дода шудааст.

Мақсади ташкили Иттифоқи Истеъмолкунандагон – кӯмаки ҳамаҷонибаи ҳимояи ҳуқуқ ва манфиати истеъмолкунандагон ва ташаккули бозори софдилона ва ба рақобат тобовари маҳсулот ва хизматрасонӣ дар Тоҷикистон мебошад. Афзалияти фаъолияти Иттифоқи истеъмолкунандагон дар он асос меёбад, ки ба тараққиёти муносибатҳои софдилонаи демократии бозоргонӣ, мустаҳкамкунӣ ва ташаккули соҳаи соҳибкорӣ ва рақобати озод мусоидат мекунад.

Моҳи декабри соли 2007 Иттифоқи Истеъмолкунадагон бо сабаби васеъ намудани фаолияти худ аз қайди давлатӣ, ҳамчун Ташкилоти Ҷумхуриявии ҷамиятии «Иттифоқи Истеъмолкунандагони Тоҷикистон» дар Вазорати Адлияи Тоҷикистон гузашт. Аз моҳи июли соли 2008 кори офисҳои доимамалкунандаи Иттифоқи Истеъмолкунандагони Тоҷикистон дар шаҳрҳои Душанбе (ассосӣ) ва Қурғонтеппа кушода шудаанд.

Самтҳои фаъолияти Иттифоқи Истеъмолкунандагон:

Ташкили базаи боэътимоди қонунгузор дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар Тоҷикистон. Ташхиси ҳуқуқии навбатии базаи қонунгузорӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои истеъмолкунанда, пешбарӣ ва пешниҳоди тағйиротҳо дар қонунгузории ин соҳа мебошад.

«Телефонии боварӣ». Ҳимояи ҳуқуқи аҳолӣ доир ба масъалаҳои ҳимояи ҳуқуқи онҳо, ҳамчун истеъмолкунанда тавассути «телефонии боварӣ» ва дар Маркази маслиҳатдиҳии назди Иттифоқи Истеъмолкунандагон.

«Хизматрасониҳои ХМК». Ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои истеъмолкунандагон дар робитаҳо бо таъминкунандагони хизматрасонии манзилӣ – коммуналӣ дар шаҳрҳо ва ноҳияҳои Тоҷикистон, коркард ва пешравии моделҳои бозоргонии идоракунии хоҷагии манзилӣ-коммуналӣ.

Electricity Governance Initiative (EGI). Аз соли 2008 Иттифоқи Истеъмолкунандагон аъзои Шабакаи байналмиллалии EGI – Ташаббуси идоракунии дурусти электроэнергетика мебошад. Ташаббуси мазкур ба беҳгардонии ҷараёни идоракунии соҳаи электроэнергетика дар Тоҷикистон тариқи пешбарии принсипҳои – шаффофият, ҳисобдиҳӣ, иштирок ва иқтидори шаҳрвандон дар қабул кардани қарорҳо, равона карда шудааст.

Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ. Гузаронидани корҳои маърифатӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон байни аҳолӣ, бо воситаи гузаронидани семинарҳо, тренингҳо, тавассути баромадҳо дар ВАО, паҳн намудани буклетҳо, имдодҳо доир ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон.

Мустаҳкамкунии муносибатҳои ҳамкорӣ. Кооператсияи зич бо ташкилотҳои истеъмолкунандагони ИДМ ва тамоми ҷаҳон, фаъолияти якҷоя ва мубодилаи таҷриба дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои истеъмолкунандагон.

Барои ҳамкорӣ ҳамеша тайёр ҳастем!