Вохӯрии минтақавӣ оид ба мубодилаи таҷриба миёни аъзоёни Шӯроҳои ҷамъиятии машваратӣ

Вохӯрии минтақавӣ оид ба мубодилаи таҷриба миёни аъзоёни Шӯроҳои ҷамъиятии машваратӣ

Рӯзҳои 25-26 уми октябри соли равон Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ташклоти байналмилалии “OXFAM” дар Вилояти Суғд Вохӯрии минтақавӣ оид ба мубодилаи таҷриба миёни аъзоёни Шӯроҳои ҷамъиятии машваратӣ баргузор намуд. Дар вохӯрӣ аъзоёни Шӯроҳо ва намояндагони таъминкунандаи оби нӯшокии ш.Хуҷанд, ш. Кӯлоб, н.Муминобод, н.Восеъ, н.Фархор, н.Рӯдакӣ ва иштирок намуданд. Рӯзи аввали Вохӯрӣ дар толори конфронси Осоишгоҳи “Баҳористон”-и шаҳри Гулистон баргузор гардид.
Раиси иҷроияи Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон Абидов И. бо суханронии худ вохӯриро оғоз намуда, ба иштирокчиён барои фаъолона пеш бурдани кори Шӯроҳо арзи сипос намуд. Ҳамчунин қайд намуд, ки мақсад аз таъсис додани Шӯрои ҷамъиятӣ ин ҷалби шаҳрвандон барои иштироки фаъолона дар кору фаъолияти корхонаи таъминкунандаи оби нӯшокӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои истеъмолкунандагон ва беҳтар намудани муносибати байни таъминкунда ва истеъмолкунанда мебошад.
Баъдан Намояндаи Ташкилоти байналмилалии “OXFAM”- Ёдгоров Беҳруз вобаста ба дастовардҳои лоиҳаи “Беҳгардонии ҳисоботдиҳии ҷамъиятӣ дар соҳаи таъмини оби нӯшокӣ ва беҳдошт дар Тоҷикистон” суханрони намуд.
Пасон Муовини Раиси иҷроияи ИИТ – Шоинбеков Ф. Дар хусуси фаъолият ва натиҷаҳои “Гурӯҳи корӣ”, ки дар асоси лоиҳа таъсис дода шуда буд, бо презентатсия баромад намуд. Шоинбеков қайд намуд, гурӯҳи кори 7 ҷаласа баргузор намудаст. Дар натиҷаи фаъолияти худ, гурӯҳи корӣ нишондиҳандаҳои хизматрасониҳои таъмини оби нӯшокӣ ва беҳдоштро дар як ҳуҷҷати ҷамъбастӣ коркард намуд, ки ин нишондиҳандаҳои “Сифат ва бехатарии оби нӯшокӣ”, “Эътимодокии хизматрасониҳо оид ба таъминоти оби нӯшокӣ”, “Меъёри истеъмоли об” ва “Талабот оид ба санитария” мебошанд.
Баъдан аъзоёни Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба фаъолияти худ, корҳои ба анҷомрасонида ва дастовардҳои худ презентатсия намуданд. Шӯрои ҷамъиятии назди КФД “Обтаъминкунии н, Муминобод”, ки яке аз аввалинҳо ба фаъолият шуруъ кард, аз соли 2014 то инҷониб 31 ҷаласа баргузор намудааст. Қайд гардид, ки то таъсисёбии Шӯрои ҷамъиятӣ мушкилиҳо миёни таъминкунанда ва истеъмолкунандагон зиёд буда, сатҳи ҷамъоварии маблағ хело паст будааст. Бо таъсис додани Шӯро муносибатҳои таъминкунанда ва истеъмолкунандагон беҳтар гашта, сатҳи ҷамъоватии маблағ низ боло рафтаст.
Шӯрои ҷамъиятии назди КВДК “Хуҷандобкуанал” бошад, 30.10.2015 таъсис ёфта, то ин лаҳза 15 ҷаласаро барпо намуда, зиёда аз 38 муаммоҳои истеъмолкунандагонро баррасӣ намудааст.
Яке аз аъзоёни Шурои ҷамъияти назди КДФ “обу канали шаҳри Кӯлоб” баромад намуда, қайд кард, ки дар натиҷаи фаъолияти Шӯро шартномаҳо миёни истифодабарандагон ва таъминкунандаи оби нӯшокӣ ба расмият дароварда шуданд; корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолии маҳаллаҳои ҳадафноки лоиҳа тавассути баргузории вохӯриҳои мунтазами аъзоёни Шӯро бурда шуданд; муроҷиатҳои муштариён тавассути Шӯрои Ҷамъиятӣ Машваратӣ бештар гаштананд; шӯъбаи муштариён бо назардошти бақайдгирии электронии арзу шикоятҳои муштариён дар назди Корхонаи Воҳиди Давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” (Идораи Об), шаҳри Кӯлоб таъсис ёфт; маърифати истифодабарии самараноки оби нӯшокӣ тавассути омӯзишҳои назариявӣ баланд гаштааст.
Баъдан намояндаи Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон Солибоева М. оид ба таҷрибаи татбиқи Кортҳои алоқаи баръакс дар шаҳри Хуҷанд баромад намуд. Солибоева қайд намуд, ки вобаста ба 4 нишондиҳандаҳои хизматрасониҳо оид ба таъминоти оби нӯшокӣ дар шаҳри Хуҷанд 1890 Корти алоқаи баръакс татбиқ гардидааст. Натиҷаҳо нишон доданд, ки ба аксарияти истеъмолкунандагони оби нӯшокӣ дар шаҳри Хуҷанд сифат ва бехатарии оби нӯшокии интиқолмедодашуда писанд аст. Вобаста ба эътимоднокӣ бошад, аксарияти истеъмолкунандагон, яъне 50,5 % бар он ақидаанд, ки садамаҳое, ки дар шабака рӯх медиҳанд аз ҷониби таъминкунанда зуд бартараф карда намешаванд. Дар хусуси меъёри истеъмоли об бошад, ба саволи “Оё хангоми катъ кардани оби нушокӣ беш аз як шабонарӯз таъминкунанда ба Шумо обро бо дигар восита (масалан бо мошинҳои обкашонӣ) дастраст менамояд?”, танҳо 14,5% истеъмолкунандагон ҷавоби “Ҳа” пешниҳод намудаанд.
Дар нимаи дуюми рӯз ба иштирочиён тренинги омӯзишӣ дар мавӯи “Механизмҳои мониторинги иҷроиши нишондиҳандаҳои хизматрасониҳо” гузаронида шуд. Дар рафти омӯзиш иштирокчиён ба гурӯҳҳо тақсим шуда, корҳои амалиро ба иҷро мерсониданд. Ҳамчунин миёни гурӯҳҳо бозии нақшӣ “Муҳокимаи натиҷаҳои Кортҳои алоқаи баръакс” гузанронида шуд, яъне гурӯҳҳо бояд натиҷаҳои Кортҳои кортҳои алоқаи баръаксро дар Шӯро баррасӣ намуда, қарори дахлдор оид ба он қабул намуданд.
Экскурсия ба объектҳои КВДК “Хуҷандобуканал”
Рӯзи 26-уми октябр тибқи барнома Экскурсия ба объектҳои КВДК “Хуҷандобуканал” гузаронида шуд. Саравал иштирокчиён аз “Пойгаҳи обкашонии-2” –и КВДК “Хуҷандобуканал” дидан намуда, баъдан ба хиёбони Р.Ҷалил сафар намуданд. Дар яке аз ин кӯчаҳо ба иштирокчиён қутии ҷойгиршавии қубурҳои обгузар бо насби обҳисобкунакҳо нишон дода шуд.
Баъдан иштирокчиен аз Шӯъбаи таъмир ва насби обҳисобкунакҳои КВДК “Хуҷандобуканал” дидан намуда, бо техногогияи муосири азсанҷишгузаронӣ ва насби обҳисобкунакҳо шинос гардиданд.
Инчунин, иштирокчиён ба идораи КВДК “Хуҷандобуканал” ташриф оварда, аз кори шӯъбаи кор бо муштариён дидан намуданд. Дар шӯъба ба меҳмонон кори барномаи компютерии “Диспетчерская” нишон дода шуд. Дар ин барнома зиёда аз 800 муроҷиатҳои истеъмолкунандагон ба қайд гирифта шудааст, ки ҳамаи он ҳалли худро ёфтаанд. Ба гуфтаи мутахассисони шӯъба, кори барнома хело осон буда, барои ҳисоботдиҳӣ низ вақти зиёд сарф намегардад.
Дар охир Директори КВДК “Хуҷандобуканал” Қодиров А. бо иштирокчиён вохӯрӣ намуда, оид ба кору фаъолият ва нақшаҳои корҳои ба иҷро мерасонида суханронӣ намуд. Иштироқчиён ба коллективи корхона миннатдорӣ баён намуда, фаъолияти корхонаро баҳои баланд доданд.

Инро паҳн кунед:
Share

Муаллиф

Онлайн- Консультант administrator