Ҷомеаи фаъол тавонист мушкилии дастрасӣ ба оби поки ошомиданиро коҳиш диҳад

Ҷомеаи фаъол тавонист мушкилии дастрасӣ ба оби поки ошомиданиро коҳиш диҳад

Шӯрои ҷамъиятӣ дар рушди ҳамкориҳои муштариён бо корхонаи обу корези шаҳраки Восеъ мусоидат намуд,  то ин ки мушкилоти беобиро дар ин ноҳия то андозае коҳиш бидиҳад.

Холисамоҳ Хомушова 15 сол аст, ки роҳбарии маҳаллаи Қараеви ҷамоати шаҳраки ноҳияи Восеъро ба ӯҳда дорад.  Дар ин маҳалла ки бо талошҳои хонум Хомушова мушкилоти дастрасии аҳолӣ бо об ва барқ ҳалли худро ёфтааст,  70 оила зиндагӣ мекунанд. Ба гуфти ӯ сокинони маҳалла аз пардохти ҳаққи хизматрасонӣ барои об ва истифодаи нерӯйи барқ қарздор нестанд ва маблағҳоро сари вақт пардохт мекунанд.  Дар навбати худ хонум Хомушова назорат мекунад, ки корхонаи  обу корези шаҳраки Восеъ дар як рӯз шаш соат сокинонро бо об таъмин намояд  ва дар сурати сар задани садама онро сари вақт бартараф бисозад:

“Аввал сокинон дарк намекарданд, ки аз пардохти сари вақтии ҳаққи истифодаи об ба сифати кори корхонаи обу корез ва дастрасии онҳо ба ин неъмати бебаҳо вобаста аст.  Пештар дар ин самт мушкилоти зиёд вуҷуд дошта, нофаҳмиҳо ба миён меомаданд.  Бо мардум бо муносибати хуб гап задем ба онҳо ҳуқуқу вазифаҳояшонро фаҳмондем.  Онҳо медонанд, ки дар сурати доштани шартнома бо корхонаи обу корези шаҳраки Восеъ, ҳуқуқҳои онҳо чун истифодабаранда таъмин мешавад. ”

Холисамоҳ Хомушова дар баробари раиси маҳаллаи Қараев будан узви Шӯрои ҷамъиятӣ аст, ки 3  сол қабл дар доираи лоиҳаи “Беҳгардонии ҳисоботдиҳии ҷамъиятӣ дар соҳаи таъминоти оби нӯшокӣ дар Тоҷикистон”  бо ташаббуси созмони Оксфам дар ноҳия таъсис ёфтааст. Дар ҷамъомад ва дарсҳои омӯзишии Шӯро хонум Хомушова оид ба ҳуқуқу вазифаҳои истифодобаранда ва дастраскунандагони об огоҳ шуда, дар асоси донишҳои андӯхта бо сокинони маҳалла сӯҳбату вохӯриҳо ташкил намуд. Салима Саъдиева сокини 68 солаи маҳаллаи Қараев, ки дар манзилаш бо наберагону фарзандонаш зиндагӣ мекунад, гуфт аз байн рафтани мушкилоти онҳо бо об, зиндагиашонро осону роҳат кардааст. Ба гуфти хонум Саъдиева ҳамкории онҳо бо кормандони обу корези шаҳрак хуб ба роҳандозӣ шудааст:

“Агар садама шавад ё лулаҳо корношоям  гарданд, даъват мекунем, устоҳои “Водоканал” (обу корез), меоянд, заминҳоро мекананд, таъмир мекунанд. Мо барои ин корҳояшон маблағи иловагӣ намедиҳем. Мо ҳар рӯз се соат субҳ ва се соат шом об мегирем, обамон тоза ва софи хуб аст. Дар навбати худ мо маблағи  обро сари вақт пардохт мекунем. Соли гузашта барои 7 нафар 470 сомонӣ супурда будем ва имсол гуфтанд, ки он 500 сомонӣ шудааст. Аз пардохти ҳаққи об мо қарздор нестем.  Худо ин вакили маҳаллаамонро баракат диҳад, ки ҳар замон ба мо оид ба муносибат бо кормандони “Водаканал” суҳбат мегузаронад ва барои ҳал шудани мушкилотамон кӯмак мекунад”.

Дар рушди ҳамкории аҳолӣ бо корхонаи воҳиди давлатии обу корези ноҳияи Восеъ, ки масъулияти бо об таъмин кардани аҳолиро ба ӯҳда дорад,  нақши Шӯрои ҷамъиятӣ хеле муҳим аст. Ин Шӯро 15 нафар омӯзгорон, бонувони фаъоли ҷомеъа ва раисони маҳалаҳои шаҳраки Восеъро муттаҳид сохта, барои бунёди пули ҳамкорӣ миёни истифодабаранда,  дастраскунандаи об ва сармоягузорон, бунёди муколама дар ҳалли мушкилоти ба вуҷуд омада ва баланд бардоштани сифати оби нӯшокӣ таъсис ёфтааст.  Холисамоҳ Хомушова раиси маҳаллаи Қараев,  мегӯяд қабл аз ҳамкорӣ бо Шӯрои ҷамъиятӣ,  оид ба ҳуқуқҳои истифодабарандаҳо, нархнома ва шартномаҳои сокинон бо  дастраскунандаи об иттилоъ надошт:

“Беш аз ду сол аст, ки ман дар Шӯрои ҷамъиятӣ кор мекунам ва гуфта метавонам, ки дар ноҳияи мо тағйироти зиёд ба вуҷуд омад. Шаҳрвандон вазифаҳои худро дарк карданд ва дастраскунандаи об низ ҳамчунин. Дар якҷоягӣ дар кӯчаҳои Сомонӣ, Вализода об гузарониданд. Дар Шӯрои ҷамъиятӣ мо семинарҳо ташкил намуда, омӯхтем, ки чӣ гуна ҳуқуқҳои худро аз корхонаи обу корез талаб намоем. Бо онҳо низ муносибати хуб намоед, бархурди хуб мегиред. Ба сокинон мефаҳмонем, ки маблағро сари вақт супурдед обро сари вақт бо сифати баланд дастрас мекунед.”

Рустам Ризоев  раиси  Шӯрои ҷамъиятӣ мегӯяд, онҳо дар ҳамкорӣ бо корхонаи обу корези ноҳия реҷаи додани обро тағйир дода, хоҳиш карданд, ки обро дар соатҳои корӣ ба аҳолӣ надиҳанд. То ин ки сокинон бо баргаштан ба хонаҳои худ роҳат тавонанд эҳтиёҷоти худро бароварда созанд. Ҳамчунин Шӯрои ҷамъиятӣ дархост кард, ки шартнома миёни истифодабаранда ва дастраскунандаи об мавсимӣ баста шавад, то ин ки дар вақте ки об ба ҳамаи маҳаллаҳо намеравад, онҳо аз пардохти ҳаққи истифодаи об қарздор нашаванд.

Чунин ба назар мерасад, ки ҳамкории сокинон бо корхонаи обу корез дар ҷамоати шаҳраки Восеъ хуб ба роҳ монда шудааст. Давлат Сафарализода сардори шӯъбаи кор бо муштариёни корхонаи воҳиди давлатии обу корези ноҳияи Восеъ мегӯяд, дар доираи лоиҳаи “Беҳгардонии ҳисоботдиҳии ҷамъиятӣ дар соҳаи таъминоти оби нӯшокӣ дар Тоҷикистон”  созмони Оксфам ба онҳо компютери рӯйи мизӣ, ноктбук ва дастгоҳи чоп тақдим кардааст ва онҳо тамоми арзу шикоят ва кӯмакҳо ба  муштариёнро сабт менамоянд. Давлат Сафарализода  гуфт Шӯрои ҷамъиятӣ дар дарки эҳсоси масъулият миёни аҳолӣ оид ба сарфаи об кӯмак кардааст:

“Баъд аз ба фаъолият шурӯъ кардани Шӯрои ҷамъиятӣ, кори мо дар ҷамъоварии маблағ осон шуд ва муносибати сокинон низ бо кормандони мо нармтар гардид. Яъне як навъ низоъҳое, ки дар вақти супурдани маблағи истифода об ба вуҷуд меомад коҳиш ёфтанд. Масъулияти мо таъмини оби босифат аст ва мо кӯшиш мекунем мacъулияти худро ба анҷом расонем. Ҳар садама ва норасоиҳое, ки ба миён меояд аъзоёни Шӯро моро огоҳ мекунанд. Пештар то худи сокинон дар алоҳидагӣ муроҷиат намекарданд ва ё худамон санҷиш намегузаронидем, оид ба камбудиҳо фавран огоҳ намешудем. Танҳо дар маҳаллаҳое, ки лӯлаҳои об аз замони Шуравӣ кӯҳнаву фарсуда шудаанд ва барои фароҳам овардани об ба сокинони онҷо, бояд тамоми он лӯлаҳо иваз карда шаванд, ки ба ин имконият надорем, дигар ҳар садамае ки ба вуҷуд меояд, мо сари вақт онро бартараф месозем”. 

Намояндаи корхонаи обу корези ноҳия Восеъ дар маҷлисҳои Шӯро иштирок менамоянд ва аз мушкилоти мардум огоҳ мешаванд. Яке аз ҳадафҳои дигари Шӯрои ҷамъиятӣ  ин таъмини шаффофият дар истифода аз  маблағҳои ҷамъоварӣ шуда барои истифодаи об аст. Масъулини корхонаи обу корези ноҳияи Восеъ мегӯянд,  онҳо ба аъзоёни Шӯро оид ба маблағҳои ҷамъшуда ва сарфи онҳо маълумот медиҳанд ва дар навбати худ онҳо ин иттилоъро ба истифодабаранда мерасонанд. Гуфта мешавад дар соли 2017 сокинон сад дар сад маблағи истифодаи обро пардохт карданд. Ҳарчанд ҳанӯзам болои онҳо барои солҳои пеш 380 000 сомонӣ қарз мавҷуд аст, масъулин мегӯянд бо беҳтар ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ, соли гузашта ҷамъоварии маблағ аз сокинон 20 дарсад афзуд. Дар ҷамоъати шаҳраки Восеъ, ки беш аз 23 500  нафар зиндагӣ мекунанд,  корхонаи обу корези ноҳия дар соли 2017 шашсад  ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ кардааст, ки аз он 500 000- ро аҳолӣ супурдааст.

Аз ин маблағ тахминан 40 дарсад барои маош ва 30 дарсад барои пардохти андозҳо сарф шудааст.

©Команда проекта “TWISA”

 

 

Инро паҳн кунед:
Share

Муаллиф

Онлайн- Консультант administrator