Дар бораи сомона

МЕҲМОНИ ГИРОМӢ!

Шуморо ба сомонаи махсусгардонидашуда оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасонии таъмини оби нӯшокӣ www.obinushoki.tj хайрамақдам мегӯем. Сомонаи мазкур, манбаи иттилоотии ғайритиҷоратии Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон мебошад.

Сомонаи мазкур дар асоси лоиҳаи Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон  “Пешбарии амалигардии идоракунии муносиб ва механизмҳои ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар соҳаи таъмини оби нӯшокӣ ва санитария дар Тоҷикистон”, бо дастгирии Барномаи рушди СММ дар асоси барномаи “GoAL WaSH”, бо маблағгузории  Агентии рушди байналмилалии Шведсия (SIDA) ба воситаи институти байналмилалии оби Стокголм (SIDA) коркард шудааст.

спонсор

МАҚСАДИ ТАЪСИСДИҲӢ

Тибқи маълумотҳои гуногун имрӯзҳо наздики 53 фоизи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин ҳастанд. Агар дар минтақаҳои шаҳрӣ дастрасӣ ба оби нӯшокӣ то 90 фоизро ташкил диҳад, дар деҳот ҳамагӣ 47 фоизи аҳолӣ ба оби нӯшокӣ дастрасӣ доранд. Хулоса, қариб ҳар нафари дуюм дар ҷумҳурӣ дастрасӣ ба оби нӯшокӣ надорад. Лекин шаҳрвандони дар шаҳрҳои дорои системаҳои обтаъминкунӣ истиқомат мекарда низ, на ҳамавақт кафолати бефосила ва босифат аз оби нӯшокӣ таъмин буданро, доранд.

Аз давраи ба даст овардани истиқлолият қариб дар ҳамаи бахшҳои иқтисодиёт гузариш ба иқтисоди бозоргонӣ тез ҷараён гирифт, вале дар соҳаи таъмини оби нӯшокӣ ин гузариш дар солҳои аввали истиқлолият беҳаракат монд. Алалхусус, на қонунҳо, на ташкилотҳо ва на истиқоматкунандагон ба тағйиротҳое, ки воқеан ба вуҷуд омадаву дар таҷриба амал намекарданд, тайёр набуданд. Имрӯзҳо бошад, барои нигоҳдории минбаъдаи системаҳои обтаъминкунӣ ба буҷаи давлатӣ ё дигар сарчашмаҳо умед бастан ҷоиз нест, зеро дар шароити иқтисоди бозоргонӣ сарчашмаи асосӣ дар ин маврид, ин маблағҳҳои шаҳрвандон, истеъмолкунандагон мебошанд, ки маҳз ин системаҳоро истифода мебаранд. Вале мутаассифона имрӯзҳо мардум пардохт намудани хизматрасонии таъмини оби нӯшокиро фаромӯш сохтаанд, ташкилотҳои обтаъминкунанда бошанд тибқи принсипҳои бозоргонӣ ҳаққи хизматрасонии хешро ҷамъоварӣ карданро аз худ накардаанд, ки дар натиҷа мардум имрӯзҳо ба таъминкунандагони хизматрасониҳои хоҷагии манзилӣ на он қадар боварӣ доранд. Аз ин лиҳоз, бо мақсади гузариш ба механизмҳои бозоргонӣ, муносибатҳои дутарафаи боваринокро бо истеъмолкунандагон тибқи принсипҳои шаффофият, ҳисоботдиҳӣ ва иштироки шаҳрвандон бояд ба роҳ монд.

Шаҳрвандон бояд дониста бошанд, ки ба кӣ, чӣ қадар, барои чӣ маблағ медиҳанд ва бар ивази ин маблағҳо чӣ гуна хизматрасониро гирифта бошанд. Аммо аҳолӣ имрӯзҳо ба чунин маълумотҳо дастрасӣ надорад, масалан барои чӣ нархи оби нӯшокӣ баланд меравад, кӣ барои ҳолати техникии системаҳои обтаъминкунӣ ҷавобгар аст, кӣ бояд ҳисобкунаки оби нӯшокиро васл ва хизматгузорӣ намояд, илова бар ин истеъмолкунандагон наҳамавақт ба дурустии пардохтномаҳое, ки онҳо пешниҳод мегарданд боварӣ доранд ва ғайраҳо. Ҳамаи ин аз он дарак медиҳад, ки бояд шаффофияти ҷараёнгирии ин соҳаи ҳаётан муҳимро таъмин намуд. Бо назардошти ин, сомонаи www.obinushoki.tj бо мақсадҳои зерин таҳрезӣ шудааст:

  • Қабули онлайн-муроҷиатҳои шаҳрвандон оид ба масъалаҳои поймолгардии ҳуқуқҳои онҳо, ҳамчун истеъмолкунандагони оби нӯшокӣ, маслиҳати минбаъдаи ройгон, намояндагии манфиати онҳо дар марҳилаи тосудӣ ва дар суд, омодасозии муроҷиатҳо ба мақомотҳои дахлдор; Танҳо шикояти худро дар боби «Онлайн-маслиҳатҳо» гузоред ва мо нисбати ҳар як ҳолат баҳои ҳуқуқӣ дода, онро шарҳ медиҳем ва бо розигии Шумо чора хоҳем андешид.

  • Ҷойгиркунӣ ва паҳн намудани маълумот ва хабарҳои ҳуқуқӣ, маслиҳатӣ, техникӣ ва ғайра; Дар саҳифаҳои «Хабарҳо», «Маърифати ҳуқуқӣ», «Мардум чӣ мегӯяд?», «Нашриёти мо», «Истинодҳои манфиатнок», «Шӯроҳои ҷамъиятӣ». Шумо метавонед бисёр маълумот ва маслиҳатҳои манфиатнокро дарёфт кунед.

  • Ташкили муҳокимаи масъалаҳои муҳими соҳаи таъмини оби нӯшокии мамлакат.Дар саҳифаи «Мардум чӣ мегӯяд?» мо метавонем хабарҳои охиронро муҳокима кунем, посухҳои худро ба Шумо тариқи реҷаи онлайн пешкаш намоем, фикру ақида ва пешниҳодҳои Шуморо бишнавем, якҷоя муаммоҳои рӯзмараи соҳаи таъмини оби нӯшокии ноҳия (шаҳр)-и Шуморо муҳокима кунем.